Ғ. Ғиёсванд

 «Чӣ кунад бенаво, ҳамин дорад?»

 Охирин навиштаамро ба муносибати мусофирати донишманди арҷманд ҷаноби дуктур Аскар Ҳаким ба Пуртланди Амрико барои ёдбуд ба ҳузурашон тақдим медорам.

 

АСИРИ ДИЛ

Дило, як дам ту бар ман гӯш медор,

Ба умрам ҳар чӣ гуфтӣ, гӯш кардам.

Биё аз хоби ғафлат шав ту бедор,

Бубин, заҳре, ки додӣ нӯш кардам.

Ҳама дар зиндагӣ чун марди диндор

Итоат гурбаро чун муш кардам.

Шабонгоҳон асири фикру пиндор

Зи бехобӣ тане мадҳуш кардам.

Ба дасти худ дар ин дунёи табдор

Чароғи умри худ хомӯш кардам.

Агар сӯзам чу испанду сапедор,

Сазои ман, ки бар ту гӯш кардам.

Раҳо гаштам кунун з-ин зулми хунбор,

Ки тарки дину ақлу ҳуш кардам.

 

Ванкувер – Вошингтон

17 оврели 1993