Тирачашме шабона раҳ мебурд,

Дошт фонуси равшане дар даст.

«- Ту, ки зулмат зи нур нашносӣ,

Аз чароғи раҳат чӣ суде ҳаст?»

 

«- Ин чароғам барои кӯрон нест,

Кӯрҳо бечароғ раҳ бубаранд.

Ин чароғам барои биноҳост,

Ки дар ин шаб ба кӯр барнахуранд».

 

Асри ман, асри нуру оташхез,

Шабу рӯзат агарчи нурафзост,

Чашми равшаншинос бисёр аст,

Дили равшанқиёс кампайдост.

 

Сар ба сар бархуранд рӯзона

Гӯиё мардумони равшанбин.

Ҳосил аз офтоби тобон чист,

Нест равшан гар офтоби ҷабин?

 

Ин ҳама панду ҳикмат асрор аст

Андар ин рӯзгори бепоён.

Тирачашмон чароғҳо доранд

Рӯзи равшан ба роҳи биноён.

 

Асри ман, асри равшаноиҳо,

Аз сари равшанат умедам ҳаст

В-арна бояд равем мо шабу рӯз

Ҳама фонуси раҳнамо дар даст…