Аз тазоди зиндагию одамӣ ҳайрон машав,

К-одамӣ як рӯй дорад, зиндагӣ садрӯ бувад.

Одами якрӯяро сахт аст гаҳ якрӯягӣ,

Зиндагӣ садрӯя асту довари некӯ бувад.

Гарчи инсон хокро зар мекунад дар зиндагӣ,

Лек натвонад шиносад гоҳ мисро аз зараш.

Зиндагӣ ҳам бо ҳама одамшиносиҳои хеш

Мешиносад қадри одамро басе баъд аз сараш.

Зумрае аз худпарастию зи ақли мухтасар

Ноз бар гардун кунад, гарчи бувад хоки замин.

Гар бувад болонишиниҳо ба меъёри ҳунар,

Эй басо болонишине мешавад поённишин.

Қадри зар заргар бидонад, қадри гавҳар гавҳарӣ,

Кош қадри зар нагардад паст назди заргарон.

Сарҳисоби кори ин дунё чу дар дастони туст,

Сарҳисоби худ маҷӯ ҳаргиз ба ақли дигарон.

Кунҷи узлат ҳеҷ гаҳ комил насозад мардро,

Рав ба дунё, то шавӣ як рӯз дунёи дигар.

Моҳи нав дорад агарчи ошён дар осмон,

То шавад комил, бувад дар осмонҳо дар сафар.

Дар мадори зиндагонӣ бемадор астӣ агар,

Зуд бошад, к-он туро аз хештан дур афканад.

Нест гар сарсабзии ту решапайванди замин,

Тундбоди ҳодиса аз беху бунёдат канад.

Осмонро беҳавас аз остон дидан хатост,

К-аз азал ҳар остонерост ишқи осмон.

Сайри гардун гарчи хоҳад боли парвози баланд,

Раҳрави пурдил ҳам охир мерасад бар Каҳкашон.

*     *     *

Дунё даме якранг нест

Дар ҳини якрангии хеш.

Ором ҳатто санг нест

Дар пинаки сангии хеш.

Гул медамад моҳи ҳамал

Сабзу кабуд аз пушти санг.

Сангат чаро андар бағал,

Чун дил тапад дар мушти санг.

Дар осмон он сон шавад

Абри гузар шайдои гул,

К-аз ҳоли худ гирён шавад,

Борон шавад дар пои гул.

Имрӯз агар дар кӯйи ёр

Ҷонбозие ёрои туст,

Темор аз дунё барор,

К-ин давлати дунёи туст.

Сар то қадам гул мекунад

Чун арғувон болои ёр,

Дар сина дил гум мезанад,

Ҷон мекунад худро нисор.

Ҳар лаҳза як сӯзи наве

Аз ёр бошад дар ҷигар,

То ошиқи ёре шавӣ,

Бо дидаи ошиқ нигар.

Дунёю дунёхор чист,

Дар гирди ин бояд нагашт.

Ҳар дам ғанимат зиндагист,

Аз бешу кам бояд гузашт.

Яктои мо чандин сад аст,

Бошад зи ишқ ар гуфтугӯй.

Худёбият гар мақсад аст,

Дунё бимон, дилро биҷӯй!