Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Одами кайҳонкушоро дар масири асри бист
Осмон аз ҳад баланду ин замин ҳам сахт нест.
Бо замини нарм аммо ҳар касе сахтӣ кунад,
Ҳеҷ кас дар зери гардун ҳамчу ӯ бадбахт нест.
Мекунад дармони дарди одамизод ин замин
Бо гулу бо обу гил, бо чашмаи ҷӯшони хеш.
Гар дилу ҷони заминро одамӣ захмӣ кунад,
Пас чӣ марҳам мениҳад бар захмҳои ҷони хеш?
Дар замин дармони мо, дар мост дармони замин,
Дар тану ҷонҳо зи дарди бедавое, алҳазар.
Чун ба ҳастӣ муддаои ин замин астем мо,
Дар замин аз зодаи бемуддаое, алҳазар!
Хокро ранги сиёҳ аз дилсиёҳӣ нест, нест,
Пуштаи хоки сияҳ гулҳои рангин оварад.
Одамизоде, ки бошад зодаи меҳри замин,
Аз замин гар бигзарад, аз хештан ҳам бигзарад.
Хонаи одам бувад барҷой аз меҳру вафо,
Гарчи инсон хона месозад зи лою чӯбу санг.
То дилашро мекушояд ӯ ба монанди дараш,
Ин замин бар насли ӯ ҳаргиз нахоҳад гашт танг.
Дар бари сайёраҳои гарму сарди бешумор
Ҳамчу модар яккаву яктост баҳри одамин.
Дар замин то модаре гаҳвора ҷунбонад ба меҳр,
Зинда бошад ҷовидон тақдирҷунбони Замин.
* * *
Гуфта будам ҷавони хушбахтам,
Фоли бахти ҷавон ба номи ман аст.
Хушдилу хушмаошу хушвақтам,
Шаҳду нӯши ҷаҳон ба коми ман аст.
Зиндагонист серу пур акнун,
Хона ободу тан ҳам обод аст.
Сари сабзам ба зери ин гардун
Шояд аз дарду ранҷ озод аст.
Лек дидам, ки хонаи обод
Рамзе аз орзуи ободист.
Метавонам магар ки буд озод,
Ними олам чу зори озодист?!
Бар сари дӯши мост бори гарон,
Навҷавонӣ ба бор зебанда-ст.
Бахти мо қисмат аст бо дигарон,
То даме қисмат аст, поянда-ст.
Навҷавонист толиби майдон
Бо тавону ба нотавонии хеш.
Аз замин по ниҳода бар кайҳон,
Бикушояд раҳи ҷавонии хеш.
Дар дили ӯ шукуфта ахтарҳо,
Дар сари ӯст фикри чархи барин.
Лек рӯзе фурояд ӯ зи само
Ғарқаи нур бар канори замин.