Нест исме ҷовидону нест ҷисме ҷовидон,

Зери гардун бонишону бенишон миранда аст.

Гар наёбад насли инсон ҷони ҷовид аз сухан,

Ин тани фониву миро беамон миранда аст.

Чун маро ҳам нест имкони ҳаёти ҷовидон,

Мекунам ҷонро фидо бар ҷони ҷовиди сухан.

То забони модариям бонишону зинда аст,

Нест бок аз бенишонии ҳазорон ҳамчу ман.

 

Ман, ки аз мавҷи равони Сир забон омӯхтам,

Мебарам хулқи варо дар хилқату дар хӯи хеш.

Шеваи мавҷи варо дарё ба дарё мебарам,

То Зарафшон мекунам аз Вахшу аз Омӯи хеш.

 

Ман зи таърихи башар дарёфтам ин нуктаро:

Гар забони халқ мирад, зинда мирад хосу ом.

Бо забонаш сар шавад таърихи авлоди башар,

Бо заволи вожааш таърихи ӯ гардад тамом.

 

Душманеро з-ин сабаб гар мақсади мардумкушист,

Мекушад ӯ ҷумла фарзанди забондони варо.

Халқ бе фарзанди гӯё тӯдаи гунгу кар аст,

Медиҳад фарди забондонаш забон ҷони варо.

 

Аслу буди хешро манзури олам кардааст,

Тоҷики сарводапарвар бо забони модарӣ.

То забонаш зинда бошад боз ҳам садсолаҳо,

Боядаш чун Рӯдакӣ соҳибқирони дигаре.

 

 

Асри мо, ин масдари тармимҳо, таъмирҳо

Мекунад вайронаҳои тартро ороста.

Он бувад равшангари аъсору осори қадим,

Мекунад як-як мараммат, он чӣ бошад коста.

 

Нестам андешаи таълими асри бохирад,

Лек мегӯям барояш аз азал то бар абад:

Нест таъмире кироитар зи таъмири забон,

Нест тақдире гиромитар зи тақдири забон.

 

Ман намедонам кадом аз пешаҳо волотар аст,

Лек медонам, ҳар инсонро, ки ақле дар сар аст,

Гар ниҳад хиште ба девори баландои сухан,

Мефарозад қомати ҳафтод пушти хештан!