Шуъла мегирию мегӯйӣ сухан,

Шуълаат гул медиҳад – ишқи Ватан.

Ҳарфи ту сарбози ин шӯру қиём,

Мекашад бебок шамшер аз наём.

Шоирӣ набвад чу шамъе сӯхтан,

Маҳфили парвонае афрӯхтан.

Азми шоир парчаме афроштан,

Халқро бо хештан бардоштан,

Бар масофе, ки Ватан мақсуди он,

Растан аз зулму шикан мақсуди он.

Шоиро, ин дам замони ҷанги туст,

Дар зафарҳои замон оҳанги туст.

Шуд ҳисори оҳанин шеъри тарат,

Дар ясору дар ямини кишварат.

Шеъри ҳар кас сангару ҳам санги ӯст,

Шеъри ҳар кас нанги ӯву ҷанги ӯст.

Нангаш аз номардуму ноодам аст,

Ҷангаш аз баҳри салоҳи олам аст.

Шеъри ту разме чунон эҷод кард,

Инқилоби даврро бунёд кард.

Ҷумҳурият!

Нест шоирро аз ин

Шеър волотар дар ақсои замин!