Ман ба рӯйи ҳавлияш по мениҳам

Чун ба хоки Осиёву Африқо.

Ҳамраҳи размандагони роҳи сулҳ–

Шоирони Африқову Осиё.

Бори ин ду қитъаи шӯридадил

Мефитад гӯё ҳама бар дӯши ман.

Шарфаи бигсастани занҷирҳо

Медиҳад занҷири дар бар гӯши ман.

 

Ӯ магар пас аз сафарҳои дароз

Соате ин ҷо фароғат карда буд.

Бурда бо худ достони Осиё

Африқоро дар дилаш оварда буд.

 

Қалби ҳар ду қитъа ин дам метапад

Дар Душанбеи азизи дилбараш.

Шоирони қитъаҳо меоваранд

Қитъа-қитъа дарди худро бар дараш.

 

Шеър мехонанд бо чандин забон

Шоирони давр аз дарди замон.

Баски фарзи ҳамзабонӣ ҳамдилист,

Гар туӣ ҳамдил, ту ҳастӣ ҳамзабон.

 

Шеъри ман, овози ман пур мекунад

Лаҳзае ин даргаҳи озодаро.

Бошад оё ки намояд лаҳзае

Шоду розӣ рӯҳи Турсунзодаро.