Меравад соли ҳаёту мекунам касби камол,

Мешавад наздик дар чашмам ҳар он чӣ дур буд.

Баъд аз ин дар хеш меҷӯям пайи айёмро,

То биёбам хешро дар нақши айёми вуҷуд.

Одами одии даврони басо ноодиям,

Аз дилу андешаи ман ҳам гузар дорад замон.

Чашми ӯ чун рентген бинад саропойи маро,

Гар сиҳат бошам, сиҳат бошад замонам бегумон.

 

Чун ба инсон мекунад кину адоват рӯзгор,

Мешавад давру замон обистани инсони нав.

Сабзаду комил шавад рӯзе чу марди инқилоб,

Ӯ замонро ду дарад бо номи як даврони нав.

 

Созад аз носозгори давр давронсози нав,

Асрҳову наслҳоро тоза пайванде диҳад.

Ӯ камарбишкастагонро як ба як Рустам кунад,

То замонро қудрату зӯри камарбандӣ диҳад.

 

Нашканад то рӯзгоронат ба зери бори хеш,

Шав замонбардӯш, то бошӣ сари дӯши замон.

Бо замонсозӣ насозӣ олами ҷовиди хеш,

Ҳар замонсозе шавад охир фаромӯши замон.

 

Сар фаро аз нуҳ фалак ҳам боядат афрохтан,

Эй, ки зери чарх помолию гӯё чора нест.

То ҷаҳон боқист бар имрӯзу фардои замин,

Нестем ар мову ту масъул, пас масъул кист?!