Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ту маро, эй дил, чӣ савдое ба сар овардаӣ,
Бо туям ҳамдостонӣ сахт меояд гарон.
Лаҳзае хоҳам, ки бошам бе дилу бе дарди дил,
То шавам озод аз савдои хешу дигарон.
Баччаҳои ман, ки хоб астанд, то ҳангоми хоб
Нашнавам ман гиряҳои кӯдаки ҳамсояро.
Киштаҳоям, к-офтобиянду дар нашъунумӯ,
Ман набинам рӯйи зарди сабзаҳои сояро.
Тирамоҳон чун бирезад обҳои сарди хеш
Бар сари долу дарахт аз новадони осмон,
То нагӯям бо ғаму ҳасрат даруни хонаам:
«Чун бувад аҳволи мурғон зери борони хазон?»
Гар ба зери буттае оташ фитад, сӯзад варо,
Хонаеро сел шӯяд, аз чӣ гардӣ беқарор.
Чун кунам, то ту насӯзӣ дар таҳи ҳар буттае,
Чун кунам, то ту набошӣ дар раҳи ҳар селбор.
Гар шавад бо сол камтар тундии эҳсоси ту,
Пас чаро ҳар дам шавӣ ғамхортар, пурбортар.
Чун кунам ман бо туӣ ғамхорае, бечорае,
Балки меросам туӣ ё аз падар, ё аз ҳунар?!
Дар диёри кӯҳсори ман, ки аз рӯзи азал
Ҳар шабу рӯзи Худо се бор меларзад замин,
Хонаи он кас намеларзад, ки меларзад дилаш,
В-арна ин ҷо хонае як дам намепояд яқин.