Гул ҳамоғӯш ба хоре рустаст,

Аҳд гӯё ки ба ёре бастаст.

Лек хораш тани гул озорад,

Ҳар нафас ранҷи наваш бозорад.

Гар занӣ теша валекин бар хор,

Канӣ аз реша ту гулро ночор.

 

[1] Ҳарчанд ин шеър дар маҷмўаи «Санги ман – алмос» омадааст, аммо ман онро солҳои шасти асри гузашта навишта, дар рӯномае чоп ҳам кунонида будам. Ҳоло бо иловаи байте ба нашр расидааст.