Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Азбаски баландему ба мо паст писанд аст,
Ҳар ҷо, ки нишинем, ҳамон ҷой баланд аст.
* * *
Ин накҳати ашъори ту дар ҳеҷ чаман нест,
Ҷое, ки сухан аз даҳани туст, сухан нест.
* * *
Паёми субҳ, алорағми шаб, паёми ман аст,
Ҳар он кӣ шоири фардост, пушти боми ман аст.
* * *
На касӣ, гарчи ба сад ноз равӣ,
Хас магар кас бишавад, то ту шавӣ?!
* * *
Дар талотумҳои дарёии мо каф нест, каф,
Баҳр гаштанҳои мо парвард гавҳар дар садаф.
* * *
Чаро ту беҳуда сӯзӣ ба шоми зулматбор,
Бишав ситораи субҳу навиди рӯз биёр.
* * *
Чӣ метавон кунам, охир, агарки дӯст надорӣ,
Ҳазор шукри ғамонат, ки дӯстам медоранд.
* * *
Эй булбулак, савте бихон,
Ё дасти кам боле бизан!
* * *
Агар дилро тавон кард обгина,
Нагирад ҳеҷ гоҳ он гарди кина.
* * *
Ман ба шодиҳои танҳоям чунон шодам,
К-аз ғами ин шодии ҷонсӯз барбодам.
* * *
Дар гардани ту зулфи сиё меларзад,
Як ларзаи он ба ду ҷаҳон меарзад.
* * *
Чу мо дарёфтем азби шунуфтанро,
Раҳо кардем дигар майли гуфтанро.
* * *
Фиреби хоби ғафлат хӯрданат чанд,
Ба по шав, хоби бад бояд пароканд.
* * *
Чу хомӯшист маргу умр – фарёд,
Ки то мурда нахонандат, бизан дод.
* * *
Агар дар ҷисми ту ҷону ҷигар буд,
Туро ин зиндагӣ ранги дигар буд.
* * *
Ту хушбахтию беҳадду канорӣ,
Агар бошад насибат дӯстдорӣ.
* * *
Эй гадотабъ, туро дар садади шеър чӣ кор,
Шеър шоҳест, нагардад ба гадотабъон ёр.
* * *
Замони мо замона не,
замонаи хабаркашӣ,
Ки аз дурӯғу фитнааш
падар кунад писаркушӣ.
* * *
Ба ҷойи ошу нон бар мо ҳасад хӯрд,
Нашуд серу ахир аз гушнагӣ мурд.
* * *
Дар дилат ҳаст агар ишқи камол,
Бадр гардӣ ба шабе ту зи ҳилол.
* * *
Мо, ки дарёро убур кардем,
Ғарқ дар ҷӯе намегардем.
* * *
Ҷоме, ки зи лаб нӯшанд, саршори муҳаббатҳост,
Ин ваъдаи ҷонбахшой шӯхист, ки гардад рост?!
* * *
Ман агар дар зиндагӣ ҳар вақту ҳар ҷоям,
Дар мақоми шоирии хеш барҷоям.
* * *
Зиндагонӣ мешавад ҳар рӯз қимат, чора чист,
Мешавад чизе, ки рӯз аз рӯз арзон, одамист.
* * *
Ҳар қадар санг бар саг андозӣ,
Мезанад бештар ба ту аккос.
* * *
Умрпаймоӣ ту ҳамчун қуллапаймоӣ шумар,
Ҳар қадар боло равӣ, он қадр бинӣ бештар.
* * *
Зиндагонӣ на фарёд аст,
Зиндагонӣ фари ёд аст.
* * *
Дар миёнраҳ зодаанд ин мои ноогоҳро,
Ё ба ин сӯ, ё ба он сӯ рафт бояд роҳро.