Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Темур Зулфиқоров
... Вақте ки Пайғамбар – Саллаллоҳи алайҳи васаллам – Раҳмати Аллоҳ бод бар Ӯ – бо одам салом мекард – ҳеҷ вақт аввал дасти худро намекашид, то наранҷонад...
Пайғамбар – Раҳмати Аллоҳ бод бар ӯ – ҳамеша даъватро қабул мекард – ҳатто даъвати одитарин одамҳоро... Ба ҳеҷ кас ҷавоби рад намедод...
... Дар ин дунё ҳамчун хориҷӣ зиндагӣ кун... ҳамчун мусофир...
Аз Ҳадисҳои Пайғамбар – Раҳмати Аллоҳ бод бар ӯ...
... Агар Худованд ба дидори ту наояд –
Маълум мешавад, ки Пайғамбар меояд...
Дарвеш Z
... Ба онҳое ки ба Абадияти Пайғамбарон бовар доранд – онҳо Зинда меоянд
Дарвеш Z
...Гармо...Умрдод... (Июл)...
Ман дар кулбаи коҳгилӣ – хонаи худ дар деҳаи матруки Хоркаш танҳоям...
Дар гирду атроф касе нест...
Ба ҷуз уқобони наздик, тезбини дар парвоз...
Андӯҳи баландкӯҳи уқобона...
Уқобон – ҳамсуҳбатони безабони ман...
Ман аз онҳо хомӯшии баланду улвиро меомӯзам... танҳоии улвиро...
...Ман ба деҳи матрук рафтам, то хомӯшӣ биёмӯзам...
Худованд хомӯш...
Кавну макон хомӯш...
Ва ман мехоҳам, ки бо Онҳо хомӯшона суҳбат кунам...
Вале онҳо дуранд аз ман... ва хомӯшанд...
Худованд бо одам бештар вақте суҳбат мекунад, ки одам байни одамон зиндагӣ мекунад ва ба зиндагии онҳо мадад мекунад... Дар танҳоӣ Худованд кам ба танҳоён зоҳир мешавад... Танҳо ба роҳибони биёбонҳо ва сӯфиёни куҳистонҳо...
... Ман шабҳангом ба роҳи пурчангу гард, зарангезу ятимонаву бекас мебароям ва мунтазирам ким-чиро... ким касеро...
Ё ким-чӣ гуна вохӯриро...
Ким-чӣ гуна хабарро...
Ҳарчанд ким-чӣ гуна овоз мегӯяд ба ман:
–Ту чӣ гуна хабарро мунтазирӣ, вақте ки 2000 сол қабл Чаҳормехшуда эҳё шуда буд?..
Чӣ хабарест, ки дар замин аз Ин бузургу ширинтар бошад?..
Оё ҳаст?..
...Ва дар ин ҳангом, дар гардолуди шабонгоҳ корвон пайдо мешавад...
На чандон калон... на дуру дароз... хоболуд...
...Дар деҳаи матрук корвон аз куҷост? Куҷо равон аст?
Ё ин хоби гарми шабҳангоми сафсаттаомез, ки роҳравон, дар роҳ бурд маро?
Аммо хобҳои пеш аз ғуруби офтоб – хатарноканд...
Онҳо ба ғубори марг мемонанд...
Саворон хобанд...ин корвони хуфтагон аст...
...Аммо сорбон хоб нест...
Ӯ ба ман дасти коғази пӯстию папирусии парвозияшро дароз мекунад, ва ман кафи нарму ангуштони дарози навозишгари ӯро мефишорам...
...Ман аз гармои тамуз ва шодии ногаҳон нафастанг шуда, зери лаб мегӯям:
–Биё ба кулбаи ман меравем. Он ҷо, ки деворҳояш гилист, салқин аст...Истироҳат мекунем... Ман танҳо чойи сабзу нон дорам... Гарм... Ва боз камбағалӣ – хоҳари абадии ман...
Сорбон табассум мекунад:
–Камбағалӣ – модари хирадмандист...
Ҳарчанд шоҳони хирадманд низ буданд... Вале дар гузаштаҳо...
Ӯ моҳирона, осон аз уштур мефурояд...
Ва бо назокат, маҳзунона, давомдор, гуиё аз ким-кадом чоҳи чашмаӣ, ситораиву бетаҳ – ба ман менигарад...
Монанди он ки модару падар, ҳамроҳ, ҳар ду, ҳамзамон ба ман менигаристанд...
Ва он кам иттифоқ меафтод...
...Мо чойи сабз менӯшему нони аз гармӣ хушкшудаи ширмоли самарқандиро мехоем...
Ва танҳоии деҳотии ман ширин об мешавад, ҳамчун ҳалвои бухоро дар оби ҷӯш, чун гармӣ бо расидани шаб серуни кӯҳӣ...
...Баъд ӯ мехезад, маро оғӯш мегирад...
Ҳис мешавад, ки ӯ хастааст – роҳҳо дуранд, сахтанд, ҷисми одамӣ заиф аст...
Маро дуру дароз аз оғӯш раҳо намекунад...
Чӣ қадар пештар падари фавтидаам маро...писарчаро...оғӯш мекарду навозиш...
Ва аз ӯ бӯйи ширини арақи кӯчӣ мерасад...
бӯйи падарона...худӣ...аввалияи ҳастӣ...
Аз чӣ бошад ки ман ба ёд меорам: “Ҳамаи одамон дар рӯйи замин бародаранд...” ҳама хешу таборанд...одам чӣ қадар хешу табори бисёр дорад...
–Хӯроки ту ширин аст... Чойю нон...
Вале аз ин ҳам ширинтараш ҳаст: нону об...
Ӯ боз табассум мекунад...
Мо ба назди уштурон мебароем...
Ман он ҷо мебинам, ки ӯ ба модауштури зард мешинад...
Модауштур – қариб заррин аст ва аз он дурахши заррин, ларзону зиндае меояд, ва корвон зиндаю заррин мешавад...
Ҳамин ҷо дар дили ман чизе ширину музтарибкунанда бедор мешавад, ва ман ба назди модауштур давида омада, бо наҷво мегӯям:
–Қасва!.. Қасва!..
Туӣ?..
Ва он меларзад...ба ҳар тараф менигарад...садо мебарорад...
Ҳамон аст!..
Ва, маълум мешавад, ки Савори он – Ӯст!..
...Ман шод, аллакай бо эҳсоси бениҳоят зери лаб наҷво мекунам, ки дар кулбаи ман Кист...
Кӣ дар модауштур нишастааст...
Зери лаб мегӯям:
–Корвони ту аз гарди роҳҳо сангин шуд...
Хеле пеш ба роҳ баромадеду дур меравед?..
Ҳамсафарони Ту савори уштурҳо хобанд...
Вале Ту намехобӣ...
Ман кайҳо тезу шадид дарк мекунам... ширин аст: Кист дар назди ман... Ва ширин мехоҳам ба зону биафтам... вале Ӯ намегузорад...
Бо чашмонаш ба ман иҷоза намедиҳад...
Ӯ, то он ки маро наранҷонад, нигоҳи чашмони мешии бетаҳ, ҳамадӯстдорашро аз ман наканда, табассум мекунад...
–Мо кайҳо, 1400 сол боз ба оҳистагӣ равонем...
Чунки дар назди ҳар хона таваққуф мекунем, дар он ҷо ки моро мунтазиранд...
Ва ин гунаҳо бисёранд...
Ҳама...
...Ман чашмонамро ба зер меафканам, то Ӯро раҳо бикунам...
...Корвон нарм, бесадо меравад... ҳамон гуна нозук, боэҳтиёт, хоболуд, қариб бо парвоз, уштурон қадам мегузоранд, ки чизеро зери по набиафшоранд, вайрон накунанд, гард нахезонанд, паҳн накунанд... зери пойҳои ҳассоси пурмӯй – сумҳо...
Охир ин гард – гарди муқаддасу кӯчии Турбати Пайғамбарон аст...
Ва уштурон медонанд... ва ҳис мекунанд... ва азиз медоранд...
Ин уштурон ҳамарову ҳамачиро медонанд...
...Ман ба кулбаи танҳои худ бармегардам...
Ман метарсидам, ки акнун танҳоии ман ҳамчун дарди кӯҳна боз бештар авҷ мегирад... вале ин тавр набуд...
Маро шодмонии беҳадду каноре фаро гирифт...
Ва мехостам бигирям...
Ва ман шодонаву саршор мегирям... Ҳамчунон ки дар бачагӣ мегирянд...
Суханони Исои Масеҳро ба ёд меорам: “Саодатманданд онҳое, ки мегирянд, зеро таскин меёбанд...”
Ва ман таскин меёбам...
... Дар рӯйи дастархон пиёлаи чойи сабз аст...
Пиёлаи Ӯ...
Ӯ чояшро то охир нанӯшид...
Ва ман баногоҳ ёд овардам, ки Дастони Ӯ ҳангоми бардоштани пиёлаи чойи гарм меларзиданд...
Ва чой мерехт...
...Ва ман банохост фикр кардам:
–Дастони Ӯ ҳангоме ки Қуръони Осмониро нақш кардан мехостанд, намеларзиданд...
Ҳангоме ки Шамшери Ҷаҳонии Исломро бармедошт, бармеафрошт...
Ҳангоме ки Қисмати Халқҳоро ба каф дошту дорад...
Вале ин ҷо бо ҳамроҳи пиёлаи чойи сабз ларзиданд...
Чунки Ӯ аз танҳоӣ ва нодории ман азоб мекашид...
Чуни Ӯ аз азоби ман азоб мекашид, ҳамчунон ки Оташи Бузург дар найзорони заррин аз найчаи хурди сӯзанда оғоз мешавад...
Пайғамбар!.. Пайғамбар Муҳаммад!..
Раҳмати Аллоҳ бод бар Ӯ!..
...Ту чӣ сон дӯст медорӣ! Ҳис мекунӣ! Ва азият мекашӣ барои одамҳо!.. Барои одам!
Барои ҳар гуна!..
Айхххххйя!
Аллоҳу Акбар...
...Аз ҳамон рӯз ман дигар маҳзун набудам...
Барои он ки Дастони Ӯ наларзанд...
Чунки Ӯ медонад... ва мебинад...
Ҳар як нафарро...
...Ба онҳое ки ба Абадияти Пайғамбарон бовар доранд – Онҳо Зинда меоянд...
23 июли 2014. Кондара. Шаби Лайлатулқадр.
ПАЛОВИ ЗАРРИНИ ПАЙҒАМБАР
Хоҷа Зулфиқори дарвеш гуфт:
–Боре ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар яке аз деҳоти гурусна, мутеона мирандаи ба сил гирифтори Ромит – Сорбо касе гуфт, ки бегоҳ бо шафақҳои лоҷувардии шабҳангоми урдибиҳиштӣ Худи Муқаддас Ҷовидон Сайёр Пайғамбар, Пайғамбари ҳамаи мусулмони замину осмон ва гузаштаву оянда хоҳад омад...
Он вақт деҳотиён гӯсфандони охирини пинҳону ҳавасангезашонро куштанду дар ҳар кулба палови ширину дудхӯрдаи заъфарониву заррини тоҷикиро пухтанд...
Ва Пайғамбарро мунтазир шуданд...
Зеро Пайғамбар – Раҳмати Худо бод бар Ӯ! – ҳамеша ба бадбахттарин шаҳрҳову деҳаҳои рӯйи замин меояд, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи шаҳру деҳаҳо ҳамин гуна хаёлӣ шуда буданд, дар Тоҷикистон – ватани дуру муқаддаси ман...
Ва деҳотиён ба бомҳои каҳгилии турнаии сарнишеби нодоронаи кулбаҳо баромада, ва шодии вохӯрии бузургро пештар ҳис карда, ба роҳи омадани Пайғамбари Муқаддас бо чашмони уқобии заррабин умедворона менигаристанд.
Ва деҳотиёни солхӯрда зери лаб паст-паст мегуфтанд:
–Оҳ, Аллоҳ, Пайғамбари Бузург Муҳаммади моро раҳмат кун – охир роҳи Ӯ аз Биёбонҳои муқаддаси араб то деҳи харобу номаълуми мо дуру дароз аст!..
Оҳ, то чӣ андоза пойҳояш хаста шуданду гулӯгоҳаш хушк шуд!..
Дар дегу дегчаҳои мо палови пухтаи заррину дона-дона Пайғамбарро мунтазир аст!
...Шафақи шом омад, роҳи кӯҳии моҳтобии сафедтобро фаро гирифт, бо худ печонд, ки ба он ҳазорон чашм ҳарисона менигарист, аммо Пайғамбар дар роҳ набуд...
Баъд шаб, шаби пурситора, ки дар он Галаситораҳо ҷӯшон, дурахшон, бо алмосҳои равону давони беҳисоб дамон буданд, дар фарози кӯҳҳои пурнакҳат бедор мешуд....
Вале оташҳо зери дегҳо месӯхтанд, дуд мекарданд, ки палов сард нашавад...
Ва ин ҳам олами хурди заминии оташҳои гарм буд дар байни оташҳои беҳудуди шабонаи заминҳову осмонҳо...
Баъд мардуми деҳи бахобнарафтаи бедор фаҳмиданд, ки Пайғамбар намеояд...
Вале бачаҳои гуруснаи бехоб ва занон сахт хӯрок мехостанду хоб...
Ва он вақт сардори деҳ Хоҷа Сафар ба ҳаққи Аллоҳ дуо карду маҳзунона гуфт, ки дегҳоро кушода палови ширинтаринро хӯрдан мумкин аст.
Ва бӯйҳои куҳани шифобахш ва накҳати палови зираву нахӯддор ғафсу дудомезу беқароркунанда аз болои шаби деҳи идона ҷорӣ шуд ва аввалин бор дар рӯзҳои дуру дарози гуруснагӣ бачагону занон ва мӯйсафедону мардон аз палови биҳиштии заъфаронӣ сер шуданд...
Аммо!..
Он шаб Муқаддас Пайғамбар ба деҳи Сорбоғ, ба деҳе ки Ӯро мардуми ҳалим ва дегҳои заррини пуропури дудхезу фаххон мунтазир буданд.
Аммо!
Муқаддас Пайғамбар аз биёбонҳои дури араб меомад ва пайроҳаҳои кӯҳии бузгарди тоҷикро намедонист ва ҳамчун ламаҳои бузурги қосид–паёмрасони ҳимолойӣ аз рӯйӣ ситораҳо меомад...
Аммо ситорагон Сайёри Бузургро ҳис карданд ва аз шодӣ ва ё маҳзунӣ фурӯ мафтоданд, мерехтанд ҳамчун алмосҳои паррон, то роҳи шабро равшан намоянд ба Сайёри Ҷовидони Аллоҳи Ҳамасокину Ҳамабин...
Ва Пайғамбар дар байни кӯҳистон истоду чашмон бар осмон бардошт ва
ситораборони ҷаҳониро ошиқона тамошо кард...
Ва бинобар он ба деҳи деринтизори Сорбоғ дер монд.
Аммо!
Аммо Пайғамбар бо димоғи ҳассоси бениҳояти уштурона накҳати ширинтарини дудҳоро аз дегҳои тафсони заррин ҳис кард...
Ва Ӯ гурусна монда буд, дар дарозои роҳҳои бисёр ва ситораҳои бешумори афтон, ки то фурӯ рехта, роҳи Ӯро дар шаб мунаввар созанд, шарар гирифта, парешон шуда ба замин меафтоданд...
Аммо Пайғамбар медонист, ки дар деҳ посдорон ва гуруснагон зиёд буданд ва Ӯ қадамашро сусттар карду дар паси харсанги деҳ бо табассум хомӯш монд...
Аммо!
Ӯ медонист, ки Ӯро сахту исоркорона меҳмон хоҳанд кард ва Ӯ водор мешавад, ки палови касеро бихӯрад, вале Ӯ намехост.
Ва Ӯ мутеона дар паси харсанг пинҳон шуда меистод, то даме ки деҳотиёни гуруснаву қудсӣ дигар Ӯро мунтазир нашуда, сарпӯшҳои гулобишакли накҳатнисори дегҳои зарринро мебардоранд...
Баъд аз палови шабонаи заррини муқаддас кулбаҳои афсуншудаи муъҷизакори деҳи Сорбоғи Ромитро хоби орому шикамсер фаро гирифт...
Аммо!..
Дар кулбаи каҳгилии аз ҳама нодортарини канории деҳ пирзани куҳансоли Мамлакат-Мулло зиндагӣ мекард...
Ва ӯ ягона мурғи тухмдеҳ – рӯзирасони худро кушта, палови камбағалонае пухта ва оби даҳони гуруснаву бедандони худро ҳарисона фурӯ дода, Пайғамбарро мунтазир буд, зеро дар ин ҷаҳон дигар касе надошт, ки ба ӯ умед баста тавонад...
(Вале мо ночизакони нобинои заминӣ ба кӣ умед бандем, ба ҷуз Пайғамбар? Ба кӣ?)
Ва Мамлакат-Мулло то бомдоди абрӣ, то рафтани аввалин ситораҳо, ки канда шуда ба чоҳҳои бешумори Ҷаҳон фурӯ мерафтанд, мунтазир буд...
Он гоҳ Пайғамбар хомӯшу сабук ба ин кулба даромад, ки пирзан танҳо Ӯро бо кукупалови камбағалонаи худ бехобу ботабассум интизорӣ дошт...
Дар аввал пирзан Ӯро нашинохт ва ҳамчун мусофири одии нодор қабул кард, ки чунинҳо дар рӯйи замин дар солҳои бепарвою гуруснагӣ бисёранд...
Он гоҳ Пайғамбар шодонаву боэҳтиёт пирзанро оғӯш карду гуфт:
Ва пирзан дастони Ӯро бо оби булӯрини рӯд, аз қумғони қадими бухорӣ
бишусту бо дастмоли хушбӯйи самарқандӣ пок кард.
Ва онҳо бо табассум сари дастархон нишастанд, чун модару писар, ва аз палов чашиданд.
Он гоҳ Пайғамбар гуфт:
Баъд Пайғамбар чашмонашро пӯшид ва оҳиста наҷво зад:
Вале пирзан ба Пайғамбар иқрор накард, ки ӯро шинохтааст, зеро мутеу хомӯш буд, ҳамчун об ё санги сабур...
...Пагоҳи барвақти мурғхези нахустофариниши наздирӯдии оҳиставазон Пайғамбар бесадою ноаён деҳро тарк кард, чунки Ӯ боз бояд мерафт,
ба деҳу шаҳрҳои бисёри гурусна ва кулбаҳо ва ошёнҳои валангори одамӣ, ки дар замини бехудову худовомонда торафт бештар мешуданд...
Айххха...
Аз ҳамон шаб ба баъд дар деҳи Сорбоғ палов номи Палови Заррини Пайғамбар гирифт, ва деҳотиён ба он менозиданд, ки худи Пайғамбар ба деҳи онҳо омадааст.
Аммо танҳо Мамлакат-Муллои пирзан то охир мунтазир шуду Пайғамбари зиндаро дид.
Баъди чанд рӯз ӯ босафову оромонаву шодона ҷон ба Ҳақ таслим кард...
Аммо вақте ки ба кулбаи ӯ омаданд, то мадфунаш кунанд – наъши ӯро наёфтанд...
Гуфтанд, ки ӯ аз паси Пайғамбар ба роҳҳои ҷовидони Ӯ бирафтааст.
Гуфтанд, ки ӯ дар он ҷо, дар мусофиратҳои ҷовидони Пайғамбар, барояш Палови Заррини ҷовидон хоҳад пухт...
Аллоҳу Акбар! Аллоҳ бузург аст!
Бале!..
Айя!..