Темур Зулфиқоров

 

            Боре корвони Пайғамбар – раҳмати Аллоҳ бод бар Ӯ – дар боди самуми биёбони Саҳрои Кабир, ки беҳадду канор мехурӯшиду меҷӯшиду гард мепошиду мепароканид, роҳ гум кард

         Пайғамбар, ҳамсафарони қудсӣ  – саҳобагон ва шутурҳои Ӯ рӯзҳои бисёре дар биёбони хурӯшону ҷӯшон гуруснаву кӯр-кӯронаву ғамгин мегаштанд, овораву саргардон

         Он гоҳ Пайғамбар фармон дод, ки шоҳшутури корвонро сар бизананд, то бо гӯшти фарбеҳи он ҳамсафарони афсурдаву пажмурдаро сер кунанд ва бо хунаш сероб созанд лабу даҳони хушку шӯрбастаи ононро

         Вақте ки шутурро пора-пора карданд,  муталошӣ карданд, бахш-бахш карданд, аз ҳам ҷудо карданд – дар он на узвҳои дарунӣ, на хун, на гӯшт, на устухон ёфтанд, ҳама яклахт реги ҷӯшон буду ғафсу ногузаро

         Шутур тамом аз рег сиришта шуда буд ва реги шутур ба регзори беҳадду канори биёбон мерехту меомехт ва аз шутур намонд ному нишоне

         Шутур гӯиё соати регӣ бошад, ки рехту биёбон шуд

         Ҳамсафарони Пайғамбар ба даҳшат омаданду ларзиданд, вале Пайғамбар гуфт:

  • Ҳамчунон ки ин шутури муқаддас – киштии қадими биёбон танҳо аз рег мураккаб буд – ҳамин тавр инсони асил ҳам танҳо аз дуо иборат аст! бале! Аллоҳу Акбар! Аллоҳ бузург аст!

 

Ва корвон дар биёбон ҳама бо як дил ба дуо пардохт.

 

Ҳамон ҳангом аз байни регҳои азҳамҷудошаванда  росту уреб гулханҳову чоҳҳои отифӣ афрӯхта мегаштанду сар мезаданду офарида мешуданд бо марғзорони наҷотбахш...

 

                                                                           Тарҷумаи Аскар Ҳаким