Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Аҷаб ба ноз мерақсӣ, ба сӯзу соз мерақсӣ,
Адойи нозҳоят ман, ки ноз-ноз мерақсӣ.
Дилам чӣ гуна тоб орад ба он шикан-шиканҳоят,
Ки бишканию пайвандӣ, чӣ дилнавоз мерақсӣ.
Ҳама ниёзи ҷони хеш агар аз ин ҷаҳон ҷӯяд,
Ҷаҳон ниёзи ту дорад, ту бениёз мерақсӣ.
Гиреҳ бувад ғаме дар дил, дар ин ҳаво намемонад,
Вале ту худ муаммоӣ, – тилисми роз мерақсӣ.
Баҳо чӣ бошад ин сарро, ки назди ту бувад боло,
Ба пойи ту сар андозем, ки сарфароз мерақсӣ.
Дилам, ки мебарӣ бо ноз, фасона мешавад оғоз,
Фасонасоз мерақсӣ, шаби дароз мерақсӣ.
Аҷаб ба ноз мерақсӣ, ба сӯзу соз мерақсӣ,
Адойи нозҳоят ман, ки ноз-ноз мерақсӣ…
*Ман дар яке аз сафарҳоям ба Амрико, дар Нию-Йорк, бо Масъуди Риҷоии Бухороӣ, писари донишманди фарзона, Аҳмад Алии Риҷоии Бухороӣ, муаллифи “Фарҳанги ашъори Ҳофиз, ошно шудам, ки ҷавони фарҳехтаву соҳибкори муваффақе буд. Ӯ машҳадӣ буд ва мегуфт, ки аз авлоди Фирдавсист, зеро боғе, ки дар он шоир дафн шудааст, мулки меросии аҷдоди онҳост. Аз “Шоҳнома” хеле шеър медонист. Ман ӯро ба Тоҷикистон даъват кардам, омад ва як бегоҳ гуфт, ки: – Дилам суруду мусиқӣ мехоҳад. Гуфтам, бошад ва Мастона Эргашеваро даъват кардам, ки бо як раққосаи нозанине омад. Аз “Шашмақом” сурудҳое мехонд, ки касро ба фалак мебурд, махсусан ғазали Амир Хусрави Деҳлавӣ “Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ”-ро бо оҳанги шӯхе аҷаб зебо хонд, ки рақси раққоса онро ба як афсонаи самовӣ мубаддал мекард. Ин тарона маҳсули таассуроти он шаб аст.
27.02.2020