Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Бишнав, эй Илҳом, ин ҳарфу сухан!
Ҳам зи ту мехоҳам, эй ақли наҷиб,
З-он чӣ дидам, кун музайян шеъри ман, –
чунин мегӯяд сухансарои бузурги қарни чаҳордаҳи Флуронси Итолиё – Данте Алигери дар шоҳасари худ «Мазҳакаи илоҳӣ». Алҳақ, олиҳаи Илҳом ба имдоди шоири нобиғ а расида, куллияи он чиро ки ӯ ба шарофати ақли наҷиби хеш мушоҳида кардаву дида, ба пироҳани шеъри гаронмоя ва баландпояаш тарҳҳои ҷовидонӣ ва зебо кашидааст. Бузургони олами шеъру фарҳанг Дантеро дар силки номҳои мардони бонубуғ ат – Ҳомер, Фирдавсӣ, Шекспир ва Рафаэл мансуб донистаанд. Аз ин силсила сарнавишти Данте ва сухангустари Тӯсӣ то дараҷае ба якдигар монандӣ дорад. Ҳар дуи ин шоирони вологуҳар дар зиндагӣ таҳти таъқиб қарор доштаанд ва аҷибаш он ки ҳар ду ҳам бо як асари худашон – шоири итолиёвӣ бо «Мазҳакаи илоҳӣ» ва ҳаким Фирдавсӣ бо «Шоҳнома» дар сафҳаи офоқ умри безаволӣ ёфтаанд…
Воқеаи масарратбахши фарҳангии республикаи мост, ки чанде қабл қисми аввали «Мазҳакаи илоҳӣ» - «Дӯзах» ба қалами Аскар Ҳаким тарҷума гашта, аз тарафи нашриёти «Адиб» дар шакли китоби алоҳида ба табъ расид. Чӣ тавре Аскар Ҳаким доир ба интишороту маъруфияти «Мазҳакаи илоҳӣ» дар охирсухани китоб қайд менамояд (зимнан, тавзеҳоти китобро низ мутарҷим ба килки таҳқиқ кашидааст), дар бораи як худи қисмати «Дӯзах»-и ин асар, ки аз 4720 мисраъ иборат аст, ба забонҳои гуногуни дунё наздики сад ҳазор шарҳу тафсир, китобу рисола, мақолаву таҳқиқот ба қалам омадааст. Оиди худи «Мазҳакаи илоҳӣ» бошад, қариб 10 ҳазор ҷилд китоб таълиф ва он қариб ҳаштсад маротиба ба забонҳои мухталиф баргардонда шудааст.
Қаблан бояд гуфт, ки мутарҷим ба чунин кори пурзаҳмат, гарон ва бомасъулият камар баста, як силсила тадқиқоти дантешиносони рус ва советиро муфассал омӯхтааст. Тавре ки пеши аҳли адаб аён аст, бидуни ин амали муҳаққиқӣ ба кори тарҷума даст задан маҳол аст, зеро тарҷумонӣ худ пеш аз ҳама, кори тадқиқотист. Таърихи дантешиносии рус ва советӣ басо ғ анист. Дар он ба тӯли тақрибан дусад соли охир ду ҳазор тадқиқоти хурду калон навишта шудааст, ки зиёда аз ҳаштсад номгӯи он ба давраи советӣ тааллуқ дорад. Бештар аз ҳафтод шоиру тарҷумон ба тарҷумаи пурра ва нопурраи асарҳои Данте ва асосан «Мазҳакаи илоҳӣ» машул шудааст. Мутарҷим Аскар Ҳаким ба арзи солиёни дароз бештари ин асарҳои муҳаққиқин ва тарҷумаҳои мухталифи мутарҷимини давру солҳои гуногунро бо ҳавсалаи том омӯхта, муқобалаю муқоиса намудааст. Илми дантешиносӣ хоса дар даврони мо рушди зиёда кардааст. Чӣ тавре ки маълум аст, аз соли 1966 дар Шӯрои илмии таъриху фарҳанги ҷаҳонии Академияи илмҳои СССР комиссияи доимии дантешиносӣ амал мекунад. Ин комиссия аллакай шаш ҷилд асарҳои муҳаққиқии силсилаи «Дантешиносӣ»-ро интишор додааст. Дар ҳамин ҷилдҳо тарҷумаи тозаи «Мазҳакаи илоҳӣ», ки ба қалами олим ва мутарҷим А.Илюшин мансуб аст, пай дар ҳам чоп шудан дорад. Ин дар қатори тарҷумаи машҳуру маъруфи М. Лозинский кӯшиши бори дигар ба ин асари безавол амиқан сар фурӯ бурдан аст.
Сухансарои бузурги итолиёвӣ дар «Мазҳакаи илоҳӣ» сафари хаёлии худро ба он дунё менигорад. Сафари хаёлии Данте ба Дӯзахи нуҳтабақа аз роҳгум шуданаш дар бешазори торе оғ оз гашта, бо роҳнамои хирадмандаш – шоири бузурги Рум – Верҷил сурат мегирад:
«Верҷил астӣ, чашмаи беинтиҳо,
Он ки шеъраш рафт ақсои ҷаҳон?
Гуфтам, ӯро сархам аз шарму ҳаё, –
...Будиям устод назди хосу ом,
Аз ту меросам расидаст ин ҳунар,
Ин ҳиҷои олию сеҳри калом.
Танг карда ҳолам ин ҳайвон, нигар!
Эй ту пайғ амбар, маро имдод кун,
Мӯ ба мӯ ларзам ман аз хавфу хатар!»
Килки тасвири Данте чунон ҳам мӯшикоф ва муҷазбаён аст, ки хонанда дарҳол сафари хаёлӣ будани онро фаромӯш мекунад ва ба ӯ комилан эътимод баста, чунин мепиндорад, ки он табақаҳои дӯзах ва марҳилаҳои он дунёро ҳамроҳи Данте ва Верҷил мепаймуда бошад, тамоми ҷузъиёти роҳ, тағ йирёбии ранги хок, нишебию фарозиҳо, нардбону харсангҳо, пайроҳаю гузаргоҳҳо ва ҷумлаи он гунаҳгорону азобу аноҳоро ба чашми худ мебинад. Дӯзахи Данте мисоли қифе мебошад, ки табақа то табақа тангтар мешавад ва табақаи нуҳуми он поинтарин буда, ба маркази замин мерасад. Ҳар табақа поинтар аст, гуноҳ бузург ва азоб ҳамон қадар ҷонгудозтар мешавад.
Азбаски Данте дар асари «Мазҳакаи илоҳӣ» сафари хаёлии худро ба он дунё тасвир намуда, зимни ин сафар ҳадафашро бар лавҳи баён кашидааст ва дар адабиёти башарӣ ин усули адабӣ собиқаи зиёде дошт, бинобар ин, мутарҷим чунин асарҳои муаллифони Ғ арбу Шарқро амиқан ғ авр ва мутолиа кардааст. Маъруфтарини ин қабил асарҳо дар ғ арб – «Одиссея»-и Ҳомер, «Энейнома»-и Верҷил (зимнан Данте ба он дунё ҳамроҳи ҳамин адиби бузурги пешинзамон сафари хаёлӣ мекунад) ва дар Шарқ «Сайр-ул-ибод-ал-маод»-и Саноии Ғ азнавӣ, «Рисолат-ул-ғ уфрон»-и Абул Ало-ал-Мааррӣ будаанд, ки аз назари мутарҷим дур намондаанд. Ҳамчунин китоби мазҳабии зардуштӣ – «Ардовирофнома»-и паҳлавӣ, ки ҳазор сол пеш аз Данте эҷод гардидааст, эҳтимол нисбат ба ҳамаи асарҳои дигар ба «Мазҳакаи илоҳӣ» ва қисми «Дӯзах»-и он шабоҳати наздиктаре дошта бошад. Чӣ хеле ки Аскар Ҳаким дар охирсухан хотирнишон месозад, «Мазҳакаи илоҳӣ» аз рӯи моҳият, мазмунҳои пандомӯз, фаро гирифтани соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии замонаш, ҳикояту ривоят ва асотирҳо дар адабиёти классикии мо ба «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ бештар қаробат дорад». Бинобар он тарҷумон роҳи дуруст интихоб намуда, зимни кор ҳамеша «Маснавӣ»-ро зери назар доштааст. Агарчи дар тарҷума шакли шеърии «Мазҳакаи илоҳӣ»- бандҳои мусалласро комилан риоя намуда бошад вазну оҳанги «Маснавӣ» ба ӯ басо илҳом бахшидааст.
Гуфтаанд, ки Данте «Мазҳакаи илоҳӣ»-ро дар бадали чаҳордаҳ сол эҷод кардааст. Мутарҷим дар баргардондани танҳо қисмати «Дӯзах»-и он тақрибан ҳамин қадар вақт сарф намуда, ин шоҳкори адабиёти оламро ба таври шоиста бо лафзи тоҷикӣ ороставу перостааст. Барои исботи ин далел ба мисраъҳои зерин таваҷҷуҳ фармоед.
Лоҷарам гуфт ӯ: «Агар з-ин шохаҳо
Бишканӣ ту шохаи кӯчактаре,
Аз гумон озод гардӣ ҷо ба ҷо».
Даст бурдам, шохаи хурди таре
Аз дарахте чун шикастам, дод зад.
«Ноқисам, аз чӣ кунӣ шоху баре?
Ин порчаи шеъриро, ҳамчун шеъри аслии тоҷикӣ хондан мумкин аст. Мисраи «Даст бардор аз ҷафо, инсоф кун» то имрӯз дар ягон давру замон қадру қимати худро гум накардааст ва ҳаргиз гум нахоҳад кард. Чунин суханони ибратбахш дар достон фаровонанд.
Бузургию шаҳомати Данте дар он низ ифода меёбад, ки вай ваҳдати таркибии куллии ҷаҳону ҷаҳониёнро таври эҷодӣ дарк карда тавонистааст. Шоири равшанзамир ба маҳзи таҷрибаи рӯзгор ҳолати пуркароҳати ифроту таназзули одамизодро мушоҳида намуда, барояш бобақоию харобии олам яқин мегардад. Бинобар ин оламро бояд аз харобӣ ва фатарот наҷот дод. Хонандаи дақиқназари тоҷик қисмати «Дӯзах»-и достони «Мазҳакаи илоҳӣ»-ро мутолиа намуда, аз ин ҳадафи сухансарои кабир пай мебарад. Ин ба шарофати заҳмати пуртоқату гарони тарҷумон аст. Дӯстдорони шеъру адаб маътали онанд, ки қисматҳои «Аъроф» ва «Биҳишт»-и «Мазҳакаи илоҳӣ»-ро низ дар тарҷумаи Аскар Ҳаким мутолиа намуда, аз мазмуни рангини он бархурдор шаванд.
Бахтиёр Муртазоев,
мутарҷим