Дар аввалҳои асри бист дар доманаи кӯҳи Сорбоғи Раштонзамин Азим-девона ном шахс тутзори бузурге бунёд кардааст, ки ҳоло ҳам сабз аст.

Самои Сорбоғ аз бедимоғӣ

Сарашро монда буд бар шонаи кӯҳ.

Агар бори само бар дӯши куҳ буд,

Ба дӯши мардумаш буд бори андӯҳ.

 

Садои асри нав меомад аз дур,

Валекин хоби кӯҳистон гарон буд.

Ба гӯши дарраҳояш пунбаи абр,

Ба гӯши мардумаш бонги азон буд.

 

Дар ин деҳ лоғару танҳову бекас

Ҷавонмарде, Азими бенаво буд.

Зи бас савдои дунёе набудаш,

Ба чашми халқ савдоинамо буд.

 

Зи домони дара бар домани кӯҳ

Ба пушташ мекашонид об дар машк.

Ту гӯйӣ, оби машкаш ашки ӯ буд,

Вале буд чашмаи оби ҷигар хушк.

 

Ба ҷӯйи ҷони ӯ намро надидӣ,

Танаш хушкида буду чеҳрааш зард.

Ниҳоли тутро парварда дар санг,

Дарахти ҷони худро сабз мекард.

 

Хумори ишқу савдо мегирифташ,

Ниҳоли сабзро оғӯш мекард.

Даме аз ларзаҳои шохаву барг

Тапиданҳои дилро гӯш мекард.

 

Муқимӣ буд ё омад,[1] чӣ фарқест,

Магар аз гӯшт нохун метавон канд,

Ки дар хоки ғарибӣ хешро кард

Ба бехи тутҳояш решапайванд.

 

Набуд ному насабҳои баландаш,

Вале номаш ба беномӣ нашуд гум.

Аз ӯ дар домани кӯҳи баланде

Бувад мерос боғе баҳри мардум.

 

Дили шӯридаро обу адо кард,

Ки охир Сорбоғашро кунад боғ,

Вай инро чун дуо такрор мекард:

Зи неке боғ монад, аз баде доғ.

 

Ба он бегона ҳасрат мебарам ман,

Зиҳӣ ин сон ғарибӣ, эй ватандор!

«Вафо аз одами девона хезад»,

Зиҳӣ девонагӣ, эй марди ҳушёр!

 

[1] омад – таҳҷоӣ набуда.