Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Чун ватан мероси аҷдод аст бар авлоди хеш,
Нест низ авлодро мероси пуршони дигар.
Ҷон гаравгон ҳар ватандоре ватандорӣ кунад,
То ватан бахшоядаш озода сад ҷони дигар.
Парварад фарзандҳои некномашро ватан
Ҳамчу модар бо умеди давлати пояндааш.
Меҳри гарми модарияш мерасад то ҳафт пушт
Бар ҳама фарзандҳои рафтаву ояндааш.
Дар диёри кӯҳсорам, к-он канори модар аст,
То саҳар гаҳвораҳо ҷунбанд чун сайёраҳо.
Хоки сабзаш осмоне менамояд дар назар,
Тифлаконаш ҳар яке рахшонтар аз истораҳо.
Эй ватан, эй мулки кӯҳистони ман, фарзанди ту
Домани кӯҳат бигирад, кӯҳсон боло шавад.
Рӯдҳоят ҳасту дарёе надорӣ, бок нест,
Бо дили дарёи худ ҳар тифли ту дарё шавад.
Солҳо чун ганҷҳоят, к-аз назарҳо буд ниҳон,
Дар дили ман буд пинҳон ганҷи ашъору сухан.
Мекушоям баҳрат ин ганҷинаро имрӯз ман,
То туро аз ман шиносанду маро аз ту, ватан!