Асри бист,

Эй асри пуртӯфони ман,

Бигзарӣ тунд аз фарози Муштарӣ.

Ваҳ, мабодо, дар шитоби хештан

Аз сари дунёю одам бигзарӣ!

Асри бист,

Эй хоксори пурғурур,

Гарчи инсон рафт то чархи барин,

Лек боз аз хавфи ҷангу заҳри нур

Мекашӣ ӯро ту дар қаъри замин.

Асри бист,

Эй арсагоҳи хайру шарр,

Нагзарӣ бебор аз роҳи замон.

Гар бигунҷад дар диле дарди башар,

Дарди як одам нагунҷад дар ҷаҳон.

Асри бист,

Эй асри пуршӯру ҷадал,

Бандае дигар набошад масти хоб,

То зи равзанҳои зиндон бехалал

Сар кашад бар рағми зулмат офтоб.

Асри бист,

Эй асри инсонро ба дӯш

Барниҳода бори вазнини замин,

Ин заминбардӯш бо тамкину ҳуш

Тоза хоҳад кард ойини замин.

Асри бист,

Эй инқилобии ҷавон,

Ҳар қадар дорӣ гуноҳеву савоб,

Мешавӣ дар ҳар замон аввалзамон,

Чун туӣ асри қиёму инқилоб!