Бегаҳӣ,

           огаҳӣ аз ишқ диҳад,

Ки ба шаб номи туро

            дар сафаҳоти гардун

Бо ҳуруфи зари ахтарҳо бинвисам.

Ва гар ин паҳнаи бепоёнро

Пур зи номат накунам,

Хами гесӯи баланду боло-т

Кай бувад дастрасам?!

 

Дар дили ман,

              ки туро ҷой ба ҷонаш кардаст,

Барфаротар зи ҳама олиҳа бошад ҷоят.

Уфтам пеши паят бар зону,

Бизанам бӯса ҳар ангушти азизи поят

Ва ба чашмам молам,

Ки бубинам равшан,

На фақат он чӣ бувад зери само,

Балки ҳам дар забари олами поки мину.

 

Зиндагонӣ ҳама ҷое зебост,

Гар дар он бӯсу каноре дорӣ.

Гар дар ин вартаи ноҳамёрии имрӯз,

Ишқи ёре дорӣ.

Ва на Макка, на Мадина, на Ҳиҷоз,

Пеши ҳар як қадами ӯ бувадат

                                     ҷойи намоз.

01.06.2023