Ин чӣ нозу хиромидан,

Ин чӣ қомат, чӣ қомат ин?!

Бедил, аз хок сар бар кун,

То бигӯйӣ, қиёмат ин!

Ман дигар моту мабҳутам,

Ҳайкале – дар миёни роҳ.

Ин зи худ рафтаро бар худ

Овараш боз, ё Аллоҳ!

 

То аз он хуш хиромидан

Ҳамчу дарё  наошӯбад.

Дил варо гарчи дар сина

Чаккуши садманӣ кӯбад.

 

Бори дигар дар ин дунё

Бо ваяш рӯ ба рӯ гардон.

Чун варо дод дил имрӯз,

То ки фардо-ш бахшад ҷон!