Қисматам, кош, фурсате медод,

Ки шиносам баҳои «озодӣ».

Чун будам сарфарози даври рукуд,

Бинам аз ин замон ҳам ободӣ.

 

Қисматам, кош, фурсате медод,

Ки бинозам ба нури Нораки хеш.

Ҷойи шамъу фатилае бинам

Даврақандилҳо ба тораки хеш.

 

Нур бо нур, кош, меомехт,

Ки шавад шоми тор нуронур.

Ман, ки ҳоло набинам ин наздик,   

Кош, медидам он чӣ бошад дур.

 

Қисматам, кош, фурсате медод,

Ки ҳама қарзҳо бигардонам.

Ман, ки мардигарии занҳоро

Дидаам, узрхоҳи мардонам.

 

Қисматам, кош, фурсате медод,

Ки надида туро намемурдам.

Боз як - ду суруди тозаи хеш

Ба дарат чун дуруд мебурдам.

 

Даркушоӣ намуда, кош, аз даҳр

Бурда будам тариқи дарбандӣ.

Ин мани сарсафедро, эй кош,

Миллатам хонда буд ба фарзандӣ.