Бимонад ёдгори ҷовидон – шеъру сухан аз ман,

Чу бо байту ғазал ёде кунад халқи ватан аз ман.

Зи бас майле набудам, к-аз судури анҷуман бошам,

Бимонад баъди анҷомам суруди анҷуман аз ман.

Маро аз ганҷи аҷдодам намонда ҷуз сухан мерос,

Бимонад ҳам ба авлодам фақат ганҷи сухан аз ман.

Ҳама он шаҳри дар хоку ҳама он қасри дар афлок

Шиносад даҳр бо таъхир чун таърихи ман аз ман.

Ба ин деринтизориҳо ба рағми мардуми пурфан

Ҷаҳон акнун пазирад, к-он ҷаҳони илму фан аз ман.

Зи шаъни тоҷдориҳо дар ин даҳрам ҳамин кофист,

Ки як байте ба тоҷикӣ бихонад марду зан аз ман.