Мирзо Файзалӣ,

Шоири халқии Тоҷикистон

 БА АСКАР ҲАКИМ,

ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН

 Ӯ на танҳо шоир асту олим аст,

Дилқавӣ, инсони зӯру солим аст.

Шеър – олӣ, лаҳн – ширин, хулқ – хуш,

Қитъае аз шеъриятро ҳоким аст.

 

Навқаламҳоро ҳамеша дастгир,

Маслиҳатгар, устоди беназир.

Аскари назм аст, бо сеҳри сухан

Қалбҳоро мекунад бар худ асир.

 

Пеши рӯ орам замони шӯру шанг,

Буд аҳли завқро аҳвол танг.

То ки монад Иттифоқи мо ба ҷо,

Ҷаҳдҳо бинмуд ин марди бананг.

 

Дар фани шеър устоди барҳақ аст,

Ҳарфи беҷо дар ҳақи ӯ лақ-лақ аст.

Саҳми ӯро дар нумӯи шеъри мо

Ҳар касе инкор созад, аҳмақ аст.