Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
10 октябри соли 1946 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби №12 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар идораи Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз хатми аспирантураи МГУ ба номи Ломоносов ва дарёфти унвони номзади илми филология (с.1974), дар вазифаҳои ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, мушовири адабии Иттифоқи нависандагон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», котиби садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» (1980-1990), Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1991-2003), ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (2000-2005), мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2011) хидмат кардааст.
Аз соли 2012 ходими калони илмӣ, сарходим ва ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Суханшиносӣ»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2018 дар мавзӯи “Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷики нимаи дувуми садаи ХХ) рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Доктори илмҳои филологӣ.
Аз соли 1974 узви ИН СССР, аз соли 1992 узви ИН Тоҷикистон.
Муҳимтарин санаҳои зиндагӣ ва фаъолияти Аскар Ҳаким
1946 – 10 октябр таваллуд дар ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
1952 – 1962 – хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии №12 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
1962 –1967 – донишҷӯи факултети таърих ва филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДДМТ)
1967 –1968 – хидмат дар сафи Артиши ИҶШС, Белорусия
1968 –1969 – муҳаррири Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1969 –1972 – аспиранти кафедраи адабиёти шӯравии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов
1973 –1974 – ходими илмии шуъбаи адабиёти муосири тоҷики Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ
1974 – муҳаррири шуъбаи адабии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1974 – дифои рисолаи номзади илми филология дар мавзӯи “Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона (дар мисоли шеъри муосири тоҷик)”, дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов
1974-1975 – муовини муҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ”
1974 – қабул ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
1975-1976 – мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оид ба наср ва танқиди адабӣ
1976-1978 – муовини сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ”
1977 – Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон
1978-1980 – котиби садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
1980-1991 – сармуҳаррири рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон”, ки баъдан соли 1983 ба ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” табдил дода шуд
1980 – суханронӣ дар 100-солагии Шоири халқии Бошқирдистон Маҷид Ғафурӣ, Уфа
1982 – роҳбари ҳайати фарҳангӣ дар Рӯзҳои Тоҷикистон дар Олмони Федеративӣ
1983 – роҳбари ҳайати фарҳангӣ дар Рӯзҳои Тоҷикистон дар Шветсия
1984 – роҳбари ҳайъати нависандагони тоҷик дар Симпозиуми “Тарҷума воситаи иртиботи фарҳангҳо”, Тифлис, Гурҷистон
1987 – таъсиси моҳномаи “Пайванд” бо ҳуруфи форсӣ – замимаи ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”
1987 – суханронӣ ва шеърхонӣ дар ҷашни 845-солагии Низомии Ганҷавӣ дар Ганҷа, Бокуи Озарбойҷон ва “Большой театр” (“Театри бузург”) - и Москва
1989 – шеърхонӣ дар фестивали байналмилалии шеър – “Марбад-89”, маҳфили шеър дар Донишгоҳи Бағдод, Ироқ
1991-1997 – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоб дар Анҷумани Х ИН ҶТ
1991 – узви Шӯрои Президентии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1991– суханронӣ ва шеърхонӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ оид ба “Авзои сиёсии Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ”, Пешовар, Покистон
1992 – хондани лексия дар Донишгоҳи Утрехти Ҳуланд
1992 – даъват шудан барои иштирок дар барномаҳои форсии радиои “Би-Би-Си”, Ландан, Британияи Кабир
1992 – шиносоӣ ва меҳмонӣ дар хонаи нависандаи классики эронӣ Иброҳими Гулистон, Ландан, Британияи Кабир
1992 – барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ҶТ барои маҷмӯаи ашъори “Рӯзи умед”
1993 – моҳҳои март-апрел, маҳфилҳои адабӣ дар Донишгоҳи Колумбиёи Нию-Йорк, шаҳрҳои Вошингтон, Лос-Анҷелес, Сан-Ҳузе, Портланд, Вошингтон-сити, ИМА
1993 – суханронӣ ва шеърхонӣ дар маҳфили эроншиносии “СИРО” дар Лос-Анҷелес, ИМА
1993 – шиносоӣ ва шеърхонӣ бо Нодири Нодирпур маҳфилҳои адабии Лос-Анҷелес, ИМА
1993 – шиносоӣ бо донишманди забардасти эронӣ Аҳмади Оҷудонӣ, виростори “Калила ва Димна” ба форсии сара, Лос-Анҷелис, ИМА
1993 – дарёфти унвони Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон
1994 – сафари дувум ба ИМА, шаҳрванди фахрии шаҳри Омаҳа
1996 – суханронӣ дар гирдиҳамоии Хуҷанд, ба созиш овардани гурӯҳҳои муқобил ва пешгирии даргириву бетартибиҳо
1997-2003 –Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоби муҷаддад дар Анҷумани Х1 ИН ҶТ
2000-2005 – аз рӯи квотаи Президенти ҶТ узви Маҷлиси миллии МО таъин ва ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудан
1999 – Шоири халқии Тоҷикистон
1999 – сарфарозшавӣ бо медали “Остона”-и Ҷумҳурии Қазоқистон
1999 – ҳамраиси Созмони байналмилалии Иттифоқҳои Нависандагон, Москва
2000 – баррасии манзумаи “Санги ман –алмос” дар Шӯрои Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон, Москва
2002 – медали “Ҷашни 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2003-2009 – дар кори эҷодӣ
2003 – моҳи сентябр, суханронӣ дар ҷашни 80-солагии Расул Ҳамзатов, Махачқалъа, Доғистон
2004 –мукофотонида шудан бо ордени “Содружества”-и Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
2004 – иштирок дар Форуми Ассотсиатсияи Парламентҳои Осиё барои сулҳ, сарфароз шудан бо ордени “Зафар”- Давлати Филиппин, Манила
2009-2011– мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2011 – медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
2012- 2018 – ходими калони илмӣ, ҳамзамон муовини сардабири маҷаллаи «Суханшиносӣ»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2018 – дифои рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри нимаи дувуми садаи ХХ тоҷик) ва дарёфти унвони доктори илмҳои филологӣ аз КОА Федератсияи Россия
2019 –сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Суханшиносӣ»
1976 -2019 – сафарҳои адабиву илмиву расмӣ ба кишварҳои ИҶШС ва хориҷӣ: Австрия, Шветсия, Олмон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Муғулистон, Британияи Кабир, Ҳуланд, ИМА, Ироқ, Чин, Филиппин, Ҳинд ва кишварҳои дигар.