Ин манам, к-аз хештан пур кардаам кошонаро
В-аз муҳаббат қасри Доро кардаам вайронаро.
Чун ҳақиқатҷӯйҳо ҳақро ба кизб омехтанд,
Дилгарон аз ину он рӯ бурдаам афсонаро.
Мурғаки бедонаро бедона чун карданд ном,
Хоб дидаст ӯ ба зери дом дигар донаро.
Аз садои гови бешире ба худ гуфтам, ки: Ҳайф,
К-аз ду гӯши худ кашидам пунбаи пундонаро.
Шоҳ рафта дар мақоми моту гашта роҳбанд,
Кай тавонад баъд аз ин ӯ раҳ намудан донаро.
Ҳар касе дил кард бар ройи ҷаҳони ҳуққабоз,
Дар пайи роҳи ҷаҳон гум кард роҳи хонаро.