Манзилороӣ чӣ кор ояд, дилороӣ бикун,
Аз худороӣ чӣ ҳосил, маҳфилороӣ бикун.
Аз зару симу булӯр равшан нагардад чашми кӯр,
Чашми дил з-инҳо бубанду чашмбиноӣ бикун.
Танпарастон оқибат миранд зери бори тан,
То намирӣ чун таносо, рав дилосоӣ бикун.
Дил агар бедор набвад, чашмводорист ҳеҷ,
Чашми дилро во намо в-аз сина овое бикун.
Аз ҷаҳонҷӯйӣ нахоҳӣ гашт дилҷӯйи ҷаҳон,
Баҳри таъмири ҷаҳон андешаву рое бикун.
То кушоӣ қуллаҳои сарбаланде дар замин,
Кӯҳпаймоӣ бимону рӯҳпаймоӣ бикун.