Эй кош, болафшон сартосари олам
Болотар аз шоҳин гирам таҳи болам.
Мурғон зи ман эмин вақти саҳар хонанд
Дар шохаи пургул пайки сари солам.
Дил хонаи меҳр аст, к-аз гармии ин меҳр
Ҳатто ба хасми хеш дил додаву болам.
Дар дори даҳр аз ман ку шоду доротар,
К-аз моли даҳр ин сон як дил бувад молам.
Худро ба баҳри ишқ андохтам, бин чун
К-ояд бурун аз об пурбор ғирболам.
Гар дафтари аъмол фардо-м мехонанд,
Ишқ асту танҳо ишқ тафсири аъмолам.
То ҳастаму ҳастӣ танҳо ба ту нозам,
К-аз роҳати олам ин аст иқболам,
Парвонатар, к-аз шамъ дар пойи ту сӯзам,
Булбултар аз ҳар гул дар пойи ту нолам.