То хабар гаштему дарси зиндагӣ омӯхтем,
Бехабар мондему байни обу оташ сӯхтем.
Он, ки моро офарид, аз хеш камтар н-офарид,
Оташаш ҷаввола кардем, оби он афрӯхтем.
Ӯ ба рӯи ин ҷаҳонаш чашми моро во намуд,
Мо вале чашми яқин бар он ҷаҳонаш дӯхтем.
Ӯ, ки худро дар ҳама зарроти олам нашр кард,
Дид, мояш зарра-зарра дар замир андӯхтем.
Буд, Бобомон, ки ҷаннатро ба як гандум фурӯхт,
Мо, ки донистем қадраш, бар ҷаве нафрӯхтем.
Рафта аз худ, то расем ӯро ба асли асл, лек
Сӯхтем – омӯхтем, омӯхтему сӯхтем.