– Як ароба хоҳаму ҳаммол,
То барад ин бор.
– Қарни бист аст ин,
на қарни даҳ,
Аз кадомин қитъа
ё сайёраӣ,
эй ҷинси ноогаҳ,
К-аз миёни мо бихоҳӣ
бандаву ҳаммол?!
…– Як ароба хоҳаму ҳаммол,
То барад ин бор.
Даҳ нафар ҳозир,
кашад ин бор
бар дӯшу ароба,
Карда бо ҳам каш-кашу ҷанҷол.
– Ҳо, бародар,
қарни бисту як бувад ҳоло,
на қарни бист,
Ин чӣ ғафлат,
ин чӣ нодонист?!