ар баландиҳои аршам вогузор,
Дар баландиҳои гардунсойи кӯҳ.
То зи пастиҳои рӯзу рӯзгор
Вораҳад озода ҷони дар сутӯҳ.
Мерасад аз қуллаҳо мавҷи само,
Баҳру бар саршори пайғому дуруд,
Ё равад ин кӯҳ бар авҷи само,
Ё само бар пойи кӯҳ ояд фуруд…